БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ҳизбӣ раҳнамунсози мардум ба корҳои созандагӣ

ХУРОСОН.Дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ», барои нимсолаи якуми соли 2019 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нури Хуросон» ноҳия оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан масъулин  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  шарҳу тавзеҳ дода, инчунин самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон  ба ҷамъомадагон  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро тарғибу ташвиқ  карда,  сокинонро ба корҳои ободониву бунёдкорӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ  раҳнамоӣ намуданд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg