А.ҶОМӢ. Бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ дар сатҳи баланди ташкилию оммавӣ ва сиёсӣ баргузор намудани хонишҳои сиёсӣ ва вохӯрию суҳбатҳо ва хамчунон ҳадафнок доир намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» таҳти роҳбарии Муҳаммаддовуд Ҳалимов раиси Кумитаи иҷроияи нохиявии ҲХДТ, бо ҷалби раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии дар маҳаллаву деҳотҳо буда, ҳамоиши ҳизбӣ баргузор карда шуд.
Зимни баргузории вохӯриву суҳбатҳои судманд оид ба вазифаҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакат бармеояд, ҳамчунон доир ба дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, ки дар Маҷлиси васеъи КИМ ҲХДТ (7.02.2019) суханронӣ намуда буданд, гуфтугузорҳои мусбӣ ба амал омад.
Ҳамчунон дар ҳамоиш узви Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Мавлуда Раҷабзода ҷиҳати аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофот бо мақсади таъмини солимии ҷомеа, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона ва оқибатҳои манфии он ба ҳуввияту асолати миллӣ, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун хатар ба амнияти миллӣ, чораандешӣ дар миёни аҳолӣ ба вуҷуд овардани хисси муқовимат бо коррупсия ҳамчун омили хатарнок, ба роҳ мондани мубориза бар зидди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ҳамчун вабои аср, ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ба хотири таъмини солимии ҷомеа, тарбияи ҳарбӣ- ватандўстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, тарғиби риояи қонунҳои миллӣ ва дуруст сафарбар кардани хайру сахо ҳамчун асоси рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни шаҳрвандон дар самти паст кардани сатҳи бекориву камбизоатӣ дар заминаи рушди соҳибкорию хоҷагидорӣ ва корҳои хонагӣ низ маълумотҳои судманд дода шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки пеш аз оғози ҳамоиши ҳизбӣ ба иштирокчиён китобчаи Паёмии имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нашри махсуси «Ҳамрози халқ» дастрас карда шуд
Дар охир, як катор раисону фаъолони ташкилотхои ибтидоии махалли бо Сипосномаю туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.