Н.ХУСРАВ.Тибқи ҷадвали кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Идораи байторӣ-“и ноҳия хониши сиёсӣ дар мавзӯъи, «Пешгирӣ аз сироятёбии одамон аз бемориҳои ҳайвонот вазифаи асосии кормандони соҳаи байторӣ мебошад» баргузор гардид.
Зимнан масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишварро дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва сазовор истиқбол намудани 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ карда, таъкид намуданд, ки амалисозии дастуру супоришҳои Сарвари давлат вазифаи ҳар як фарди ватандӯст, аз ҷумла аъзои ҳизб ба шумор рафта, дар доираи фаъолияти вазифавии худ барои солим нигоҳ доштани мардум ва пешгирӣ аз бемориҳои ҳайвонот кӯшиш намоянд. Дар қисмати роҳандозии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» аъзои ташкилоти ибтидоӣ иқдом гирифтанд, ки деворҳои берунии бинои маъмурӣ , ки солҳои зиёд рӯи таъмирро надида буд, бо фаро расидани баҳори аҷам гаҷкорӣ ва сафед мекунанд.