ФАРХОР.Дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва чорабиниҳои ҳизбӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Имон-интернейшнл» хониши сиёсӣ доир намуданд.
Мутахасиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор, Абдулҳақзода Бахтиёр оид ба сиёсати дохиливу хориҷии кишвар, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ инчунин, сафарбар кардани сокинон ба сарфаву сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ, аз байн бурдани таасуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа баромад намуд.
Дар охир ба ҳамаи иштирокчиён тақвимҳои кисагӣ бо акси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастрас карда шуд.