ПАНҶ.Ҷихати амалӣ намудани бандҳои ҷадвали вохўриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳияи Панҷ дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва деҳаву маҳаллаҳои ҷамоати шаҳрак ва деҳоти ноҳия сўҳбату мулоқотҳо баргузор гардида истодааст.
Ин навбат, дар ташкилоти ибтидоии “ХЛОЗ”-и бозори Раҳматулло бо аъзо ва ҷонидорони ҳизб ва соҳибкорон вохўрӣ роҳандозӣ гардид. Мавзўҳое, ки мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, ин татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти робитаи ҳизб бо маҳал буд.
Зимни баромадҳо қайд шуд, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишварамон “300 рўзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” амалӣ карда мешавад. Ин тадбирҳо дарозмуддат буда, боиси рушди иқтисоди миллӣ гардида, Тоҷикистонро аз кишвари рў ба рушд ба марҳилаи нави тарақиёт ворид месозад. Он ҷиҳати амалӣ гардида, ҳадафи чоруми иқтисодӣ, яъне саноатикунонии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар ҷараёни мулоқот масъулон оид ба ҳар як самти муайяншудаи фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуда, дар асоси ин самтҳо шаҳрвандонро ба сарфаю саририштакорона истифода бурдани неруи барқ, риояи қонунҳои миллии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии сокинон аз хатарҳои терроризму экстримизм ва фаъол гардонии шаҳрвандону ҷалби бештари соҳибкорон ба корҳои созандагию ободонӣ андешаронӣ карданд.
Вохўрӣ бо дастрас намудани маводҳои таблиғотии ҳизбӣ аз қабили рўзномаҳои тозанашри “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ”, тақвимҳои хурду калон, плакатҳои “Об барои рушди устувор” ва “Фурўғи нури Раҳмонӣ” ба иштирокдорон ҷамъбаст гардид.