БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём –эҳёгари ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои неки ниёгон

НОРАК.Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми навбатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Шуғли аҳолӣ» вохӯрӣ таҳти унвони  «Паём –эҳёгари ҳунарҳои мардумӣ” Савзалӣ Зоиров муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, мудири шуъбаи кор бо занону ҷавонони Кумитаи иҷроия  Муслима Ғуриева доир гардид.

Зоиров Савзалӣ дар баромадаш қайд кард, ки Паём чун дастурамали ҳидоятӣ мардуми кишвар ба зиндагии шоиста хоҳад расонд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар гардидани вазъ дар самтҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намуда, ислоҳот ва навсозиро босуръат пеш бурда истодааст, инчунин оид ба эълон гаштани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки ҳисси баланд бардоштани фарҳанги миллист дар назди мо вазифаҳои нав мегузорад.

Ҳамзамон, нуктаҳои муҳими Паёмро  Муслима ­Ғуриева  мушаххас таҳлилу баррасӣ намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg