БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар мубориза бо коррупсия бетараф нестем!

БОХТАР.Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Молияи шаҳр» бо иштироки раиси Куитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ  масъулин доир ба Паёми Президенти Ҷумҳрии Тоҷикистон ба  Маҷлиси Олии мамлакат,  суханаронии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ,   татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» барои нимсолаи аввали соли 2019 ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла пешигирии наврасону ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, пешигирӣ аз содиршавии амалҳои коррупсионӣ  ҳамчун омили хатарнок ба иқтисодиёти кишвар суханронӣ карда, афзуданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коррупсияи муборизаи беамон эълон гардидааст. Борҳо Пешвои миллат дар баромадҳои хеш аз мардум даъват ба амал овардаанд, ки дар мубориза бо коррупсия бетараф набошанд. Аз ин рӯ, дар мубориза бо ин амали ношоиста, ки боиси пастшудани обрӯи давлат мегардад, нақши ҳар яки мову Шумо ҳамватанони азиз бузург аст. Пас дар мубориза бо коррупсия бетараф набошем.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg