БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ –ҳидоятгари сокинон ба фардои дурахшони Ватан

ШАҲРИТУЗ.Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ дар деҳаи Лолазор -3  баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  Шаропов Ҳомидҷон, раиси маҳаллаи деҳаи Лолазор -3 Дуснаев Холёр, имомхатиби деҳа Қараев Баҳромиддин ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроия Замонов Азиз гузаронида шуда, дар рафти он масъулин оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, , тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҳифзи суннату анъанаҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои волои давлату миллат,  иҷрои талаботи  Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», расидан ба хизматҳои шоёни  Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ дар пешрафту шукуфоии Ватан ва таъмини  зиндагии арзанда ба сокинони кишвар андешаронӣ карда, онҳоро ба корҳои созандаву  бунёдкорона, истиқболи сазовори ҷашнҳои давлативу миллии дарпешистода раҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg