А.ҶОМӢ. Бо мақсади баргузории нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба корҳои ободониву созандагӣ дар маҳал ва дар доираи дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Муҳаммаддовуд Ҳалимов раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Восиева Сабоҳат муовини раиси ҷамоати деҳоти Иттифоқ ва Маҳмадуллоев Бахтиёр вакили Маҷлиси вакилони ноҳия дар ташкилоти ибтидоии «Чорбоғ»-и деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои созандагӣ гузаронида шуд, ки дар он тамоми сокинони деҳаи номбурда фаъолона иштирок намуда, баҳри мусоидат ба амалишавии нақшаи корҳои созандагӣ, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саами арзанда гузоштанд.