БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Собиқадорони меҳнат зери таваҷҷуҳи ҲХДТ қарор доранд!

ҶАЙҲУН.Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар доираи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва вохӯриву мулоқот дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаву маҳаллаҳо дар ташкилоти ибтидоии Маорифчиён атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ҳамчунин оид ба расонидани муҳтавои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим ва вакили Маҷлиси вакилони халқи Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ Ҳикматзода Ҷумахон хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабинии мазкур муовини раиси КИ ҲХДТ дар нохия Сабурзода Насим вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ аз ҷумла пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун хатар ба амнияти миллӣ, чораандешӣ ҷиҳати дар миёни аҳолӣ ба вуҷуд овардани ҳисси муқовимат бо коррупсия ҳамчун омили хатарнок, риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” баромад намуд.

Дар доираи амалии Аксияи ҳизбии таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем» ва дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашнҳои миллӣ аз ҷумла Иди модарон ва Нарӯзи байналмилалӣ ба хабаргирии собиқадорони меҳнат рафта, ба онҳо кӯмакҳои яквақтаинаи моддӣ расонида шуд. Дар рафти чорабинӣ яке аз собиқадорони меҳнат Сония Дилдоровна аз ҳаёту зиндагиномаи худ нақлу қиссаҳои ҷолиб намуда, изҳор намуд, ки то ҳол омода ҳаст барои тарбяи насли наврас пайваста меҳнат намояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg