БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбиён дар ободонии деҳот саҳми босазои худро гузошта истодаанд

Н.ХУСРАВ. Дар   ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии  “Маҳаллаи Навобод”-и ҷамоати  деҳоти  “Фирӯза” бо  иштироки  васеи  аъзо  ва  ҷонибдорони  ҲХДТ чорабинии  ҳизбӣ  баргузор  гардид.

Кормандони  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳия  ба  сокинон   оид  ба  ҳадафҳои  пайгиронаи  ҲХДТ, Паёми  навбатии  Асосгузори сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  татбиқи  ҳадафу  вазифаҳои  муайянгардидаи  солҳои  2019-2021 эълон  гардидани  Солҳои  рушди  деҳот , сайёҳӣ  ва  ҳунарҳои  мардумӣ   ва  саҳм  гузоштан  дар сазовори  30- солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, инчунин  тақвият  бахшидан  ба  амалигардонии  ташаббуси   Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  вилояти  Хатлон

“Соли баланд бардоштани  масъулияти  шаҳрвандӣ “ эълон   гардидаро  шарҳу тавзеҳ доданд.  

Инчунин,  қайд гардид, ки вазифаи  ҳар  як  фарди  ватандӯст,  аз  ҷумла  аъзои  ҳизб,  барои боз  ҳам  ободу  зебо ва  рушд намудани  Ватан  ҳиссаи  сазовори  худро бо  масъулияти  баланд  ба  роҳ  мондан  мебошад.  Сокинони маҳаллаи  Навобод бо  ҳисси  масъулиятшиносӣ  ҷиҳати обод  гардидани  маҳалла корҳои  ободониро  ба  роҳ  монда, ба  нақша  гирифта буданд, ки  бинои  ҷамъиятии  маҳалларо, ки  иборат  аз  3 утоқ мебошад, сохтмонашро ба анҷом расонида,  рӯзҳои наздик   ба  истифода   дода мешавад.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg