БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хонаи ҳамватанро обод месозем!

ВАХШ.Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш  ҷиҳати дар сатҳи баланд  истиқбол гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ва дар амал татбиқ  намудани  Аксияи  тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти   унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» суҳбату вохӯрӣ  дар ташкилоти ибтидоии «Фидокор-1» доир намуд, ки дар он  масъулин атрофии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ  ибрози андеша карданд.

Дар қисмати  амалии  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣтаҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирӣ ва  ташаббуси ватандӯстонаи Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳия хонаи  истиқоматии як  нафар сокини  маҳалла, оилаи ниёзманди ҷомеа  таъмир карда шуд. Аҳли хонаводаи номбурда  аз дастгириҳои  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  изҳори миннатдорӣ баён карда, иқдоми неки  ватандӯстонаро  давоми ғамхориҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донистанд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg