ХОВАЛИНГ. Дар деҳаи Лоҳутии ҷамоати деҳоти ба номи Лоҳутӣ баъди хониши сиёсӣ, ки дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Халилзода Сафар оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуд, дар асоси Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” корҳои ободонӣ гузаронида шуд, ки дар он сокинони деҳа якдилонаю сарҷамъона ба кор баромада, соҳили дарёи Оби мазорро, ки хавфи шӯстани роҳи асосии деҳаро ба миён овардааст, симтурбандӣ намуданд.
Дар он рӯз қисме санг ҷамъ меоварду қисме симтурҳоро барои пур кардани санг тайёр менамуд, қисми дигар бошад, симтурҳоро бо санг пурмекард.
Ба ҳашарчиён додани хӯроки нисфирӯзӣ аз тарафи шахсони саховатпеша ба суръати корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ таъсири мусбӣ расонд. Ҳашарчиён тавонистанд, дар он рӯз аз саҳар то бегоҳ пурмаҳсул меҳнат намуда, хавфи селзаниро аз байн баранд.