КУШОНИЁН.Бо мақсади татбиқи нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар ташкилоти ибтидоии «Саричашма» Аксияи тарғиботӣ - амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид, ки дар ҷараёни он фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуданд.
Иштирокдорони Аксияи ҳизбӣ ҷӯйборҳои обгузарро тоза карда, дарахтони ороишии арча шинониданд.
Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар роҳандозии Аксияи ҳизбӣ ширкат варзида, бо ҷамъомадагон суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карданд.
Масъулин зимни суханронӣ қайд намуданд, ки ҳадаф аз доир намудани ин гуна чорабиниҳо баланд бардоштани масъулиятии шаҳрвандии аҳолӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари онҳо дар пешбурди корҳои ободониву созандагӣ ва истиқболи шоиста аз 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.