БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳар, ки хандонад ятими хастаро, боз ёбад ҷаннати дарбастаро

ҚУБОДИЁН.Сол аз сол дар арафаи иду ҷашнҳои давлативу миллӣ дар асоси  дастуру  супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  иқдомҳои неку созанда ва ватандӯстонаву инсонпарваронаи  шахсони хайрхоҳ  нисбати   оилаҳои ниёзманди ҷомеа,  маъюбону бепарасторон, ятимону барҷомондагон, хона интернатҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ба ҳукми анъана даромадааст.

Ташаббуси  инсонпарваронаи  Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб ҳамаҷониба дастгирӣ карда, дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ  аз ҳисоби маблағҳои шахсиаш ба тарбиятгирандагони мактаб - парваришгоҳи ноҳия, ки онҳо аз оилаҳои ниёзманду бесарабонмонда ва ятимони кул мебошанд,  дастурхони идона ороста шуда, инчунин,  дар ин раванд   ба парваришгоҳ   маводҳои  хӯрока кӯмак расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg