БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амнияти Ватанамон аз ҷавонон вобастагӣ дорад

ВОСЕЪ.Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва дар асоси нақша- чорабиниҳо Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии «Файзобод»-и ҷамоат деҳоти ба номи  Миралӣ Маҳмадалиев бо иштироки роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»  Шаҳноза Раҷабова бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии ҷавонон вохȳрӣ гузаронида шуд.

Зимини мулоқот Шаҳноза Раҷабова қайд кард, ки яке аз хатарҳои асосии шабакаҳои иҷтимоӣ ин ташвиқ ва таблиғи фарҳанг ва расму оини бегона мебошад. Дар ин замина тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маводу наворҳои зиёд пахш мегарданд, ки метавонад ба тарзи муошират, муносибат, зоҳири инсон ва арзишҳои он таъсир гузорад ва ё дигаронро вобаста ба ин амалашон таҳқир созад. Шумо ҷавонон нагузоред, ки фазои интернетӣ ба ташаккули ахлоқии шумо таъсири манфӣ гузорад.

Дар интиҳои вохȳрӣ назди бинои ташкилоти ибтидоии «Файзобод» бо иштироки  аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» дастаҷамъона корҳои ободонӣ  дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  роҳандозӣ карда шуда,  заминҳои сахту бекорхобида ва бехҳои дарахтони   сояафкану ҳамешасабзро нарм намуданд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg