БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Саноаткунонии босуръати кишвар моро ба кишварҳои пешрафта ҳамқадам месозад!

Ҷ.БАЛХӢ.Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидои ҳизбии «Хоҷагии деҳқони Порбоғ» хониши сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он мутахассиси шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Асоев Хизирдин ва кормандони Хоҷагии деҳқони Порбоғ иштирок доштанд.

Асоев Хизирдин зимни андешаронӣ қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар, самтҳои тараққиёти мамлакатро вобаста ба вазъи ҷаҳони муосир ва бо дарназдошти пешомадҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ муайян ва мушаххас намуданд. Амалисозии ин ҳуҷҷати аҳамияти стратегидошта аз ҳар фарди ватандӯст, дар навбати аввал аз фаъолони ҷомеа ҳисси баланди масъулиятшиносиву ватандӯстиро тақозо менамояд.

Ҳамзамон, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳандозӣ гардида, бо дастгирии ташкилоти ибтидоии «Хоҷагии деҳқони Порбоғ»  ба як нафар камбизоат кӯмаки молияви расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg