
ВОКУНИШ.Агар инсон амалеро пайдарпай чанд маротиба такроран иҷро кунад, он амал барои он инсон одат мешавад ва мехоҳад тез-тез такрораш кунад. Ба одати муқарарӣ табдил ёфтани амали шахс аз ирода ва кирдорҳои ӯ вобастагии бузург дорад.
Мақсад аз гуфтаҳои боло дар он аст, ки кирдори инсон, ки боиси расонидани зарар ва ё озурдахотирии дигарон намегардад, бигузор ба одати муқарарӣ табдил ёбад. Вақте инсон дидаю дониста даст ба амали ноҷо мезанад ва амали ӯ боиси нигаронии аҳли ҷомеа, пайвандону хешовандон мегардад, бояд амали ношоистаи ӯ маҳкум карда шавад.
Аҳли ҷомеа, хурду бузирги кишвар хуб дарк ва мушоҳида намуданд, ки амалҳо ва кирдорҳои хиёнаткоронаву ноҷавонмардонаи роҳбари собиқ ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамаслаконаш Темур Варқӣ ба инҳо монанд чандин нафарони фиребхӯрдаҳои хоҷагон ба амали муқарарӣ табдил гаштааст. Чигунае ки ҳамагон медонем, ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчун як ҳизби иғвоангез, бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ ва мактаби хоинпарвар аз солҳои ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ шинохта мешавад. Ҳамаи кирдорҳои ноҷавонмардонаи онҳо, ки то ба имрӯз анҷом дода истодаанд, аз даврони нооромиҳои солҳои 90-уми асри гузашта, ки асосгузораш аъзоёни ҳамин ташкилоти террористӣ буданд, аз хотири мардуми тоҷик нарафтааст ва намеравад. Вақте мардуми ранҷкашидаи кишвари азизамон, чеҳраи асосии ин хоини миллатро, ки дини мубини исломро ниқоб карда буданд ва аз номи дин ба амалҳои нопоку ҳаром даст мезаданд ва боз худро мусулмон мешуморданд, ошно шудаанд, оҳиста-оҳиста аз сафи ин нокасон даст кашиданд ва фазои ин ноҷавонмардон дар ватан танг шудан гирифт. Мардум дигар ба ин фурӯхташудаҳои хоҷагони хориҷӣ бовар намекарданд. Суханро дар бораи таърихи ин ташкилоти террористӣ ва дар замони Шӯравӣ зери пуштибонии кадом хоҷагони пинҳониву ошкоро фаъолият намудани ин ташкилот истода намегузарем, чунки ин масъала аллакай барои ҳамагон ошкор аст. Ногуфта намонад, ки аксарият ҷавононе, ки имрӯз дар хориҷ аз кишвар дар муҳорибаҳои Ховари Миёна бахусус дар Сурия, Ироқ ва Яман дар сафи ташкилотҳои террористю экстремистӣ ҷангида истодаанд, дастпарварони ҲНИ мебошанд.
Зайниддинов Тоҷиддин Вайсиддинович -Узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар маҷлиси вакилони халқи шаҳр Норак