БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Саҳнасозиҳои аъзои масхарапаймони ТЭТ ҲНИ саҳнаи ҳаҷвиро мемонад!

ВОКУНИШ.Тибқи интишори расмии шабакаи иҷтимоии «Паёми мардум» санаи 24 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Бонни Олмон ҳамоиш бо ташаббуси Маркази фарҳангии  Тунис таҳти унвони «Таҷрибаи татбиқи низоми демократӣ дар ҷаҳони ислом» баргузор гардид, дар он  ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ бо роҳбарии М.Кабирӣ  ширкат намуд.

         Аз интишори ин мавзуъ дар шабакаи иҷтимоии «Паёми мардум» дарёфтем, ки бо заволи «паймони миллӣ» М.Кабирӣ боз худро ба домони ҳизби наҳзати исломӣ партофта, барои истифодаи маблағҳои хайриявии Маркази фарҳангии Тунис  роҳи афзалиятноктареро ҷўё шудааст.

         Дар ин ҳамоиш М.Кабирӣ «қиёми мусолиҳатомези мардум»-ро бар зидди давлат роҳи расидан ба мақсадҳои нопокаш арзёбӣ карда, фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тунис зери роҳбарии Рошид Ғануширо ба ташкилоти террористию экстремистии  ҳизби наҳзати исломӣ тавъам медонад.  Ҳатто Кабирӣ ба ҳиҷрати Ҳизби Наҳзати Исломии  Тунис тайи 25 сол ва бозгашти дубораи он ба саҳнаи сиёсат «шарафмандона» суҳбат карда, тақдири онро  ба роҳи тайнамудаи худашу падарони маънавиаш дар Тоҷикистон яксон меҳисобад. Ў андеша намекунад, ки муддате ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ  дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон фаъол буд, вале  мутаассифона ба қадри ин ҳама озодию фаъолияти қонунӣ нарасид. Натиҷа ҳамин шуд, ки бо таблиғи идеологияи  ба эътиқоди динии мардуми мо бегона роҳи хиёнатро ба миллату давлат пеш гирифт. Таблиғи нодурусти афкори динӣ, истифода аз арзишҳои ба мазҳаби мо бегона шумораи зиёди ҷавонони тоҷикро гумроҳу дарбадар кард. Имрўз тақдири зиёди ҳамватанони мо, хусусан ҷавонон дар пайи «баҳори арабӣ» дар сарзамини Ироқу Сурия норушан боқӣ мондаю хонаводаи онҳо фарсахҳо дур  дар Тоҷикистон хун мегирянд.

Суҳбати М.Кабирӣ ва васфи давлати Тунис дар масъалаи татбиқи низоми демократӣ дар ҷаҳони ислом ва  намунаи муваффақ дар ҷаҳони ислом маънидод кардани он, ҳамчунин шиорпардозӣ роҷеъ ба масъалаи  аз Туркияю Малайзия пешрафта будани Тунис эҳсос мешавад, ки Кабирӣ дар Тунис маблағгузори нав пайдо карда, бо сухансозию суханбозӣ роҳи нави даромадро барои бозиҳои сиёсӣ дарёфт карданист. Агар не, тамасхур задан ба низоми давлатдории тоҷикон ва сулҳу оштию ваҳдатро гўё «барҳамзада» маънидод  карданаш исботи дарёфти роҳи истифодаи маблағҳои «бародарони Тунис» -аш   хоҳад буд.

Дар як вақт, аз чунин мавқеъгирӣ метавон дарёфт, ки Кабирӣ аз давлатҳои Туркияву Малайзия (як вақтҳо хеле васфашон мекард)  бо кадом сабабе  хеле  ранҷидахотир  гардидааст.

         Метавон гуфт, ки  «бародарони Тунис» бо роҳбарии Рошид Ғанушӣ зери ҳиллаю макри М.Кабирӣ афтиданд ва ба хотири бозиҳои сиёсӣ ва ақидаи «татбиқи низоми демократӣ» онҳо муддате  истифода хоҳанд шуд.

          Дарвоқеъ, заминаҳои фарҳанги миллию сиёсии мардуми мо аз мардуми Тунис хеле фарқ мекунад. Он воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта аз ёдҳои мардум ҳеҷгоҳ фаромўш нашудааст. Дар зеҳни мардуми Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчун неруи аҳриманӣ ва пиёдасозандаи ҷангу хунрезӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ шинохта шуда,  ҳамчун ҳақиқати бебаҳс  дар таърихи миллат сабт шудааст. Қаҳрамонтарошӣ аз ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ  дар хориҷи мамалакат аз  заъфи сиёсии Кабирию кабирипарастон дарак дода, ояндаи норушани онҳоро назди мардуми Тоҷикистон аён месозад.

 

 

        

Икромзода Амирхон-узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси

   вакилони халқи вилояти Хатлон

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg