Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

Гузаштаро фаромӯш намекунем!

ВОКУНИШ.“Ҷангу низоъ ва мухолифати мусаллаҳона даҳшат аст, қатлу куштори одамони бегуноҳ аст, қашшоқиву бенавоӣ, бадбахтӣ, қасодии иқтисодӣ ва шикасти низоми қонунияту давлатдорист. Мо даҳшати ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки душманони миллати тоҷик ба сари мо таҳмил карда буданд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва бо итминон изҳор медорем, ки мардуми мо дигар ба доми фиреби душманону бадхоҳони миллат, ки то ҳанӯз аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст накашидаанд, гирфтор намешаванд” Аз суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2018)

Воқеан ҳам миллати тоҷик бо хиради азалиаш, новобаста аз беадолатии бемисле,ки тақдир дар ҳар давру замон  ба вай насиб гардонидааст, тавонистааст,ки фарзандони фарзонаву бофазилату тамаддунофар, далеру шуҷоъ ва қаҳрамонро тарбия ва ба камол расонад, ки тӯли ҳазорсолаҳо барои амалӣ шудани орзуву ормони соҳиби давлати миллӣ шудани миллати худ мубориза бурда, ҷоннисорӣ кардаанд. 

Шукронаи Парвардигор, Пешвои миллат, Прездиденти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз қабили он фарзона фарзандони миллат мебошад,ки ҳамчун Сарвари давлати навини тоҷикион, таъмини  соҳибистиқлолии давлат ва пойдории онро ба уҳда гирифта, далеронаву шуҷоатмандона то ба имрӯз онро ҳифз намояду бо гузашти  зиёда аз 26 соли соҳибистиқлолӣ миллату давлати тоҷиконро ба олам муаррифӣ созад.

Мутаассифона,  баъзе ношукроне, аз қабили Кабирии хоину мазҳабфурӯшу пайравонаш,ки собиқ аъзои ТЭТ ҲНИ-анд ва аъзои ташкилоти экстремистиву террористии  гурӯҳи- 24, ки ба қадри ин осоишу амният ва дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолии кишвар намерасанду ин арзишҳои бебаҳоро қадр накарда бо мақсадҳои ғаразнок,  дар сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ ҳаргуна суханҳои бардурӯғ  баҳри  вайрон  намудуни  мафкураи сокинони мамлакат, алахусус  ҷавонон роҳандозӣ намуда истодаанд.

Таърих фаромӯш намекунад,ки бесипосиву худсарии ана ҳамин роҳбарият ва аъзои собиқи ТЭТ ҲНИ, ки бо амалҳои нангини ифротиашон солҳои 1990-1992 дар Тоҷикистон ба раванди зиндагии осиштаи халқи Тоҷикистон  зарар расонида, номи исломро ниқоб карда такя ба муллоҳои чаласаводашон, мардумро ба хурофоти динӣ кашидаву ба зиёдаравиҳо роҳ дода миёни миллати тоҷик  низоъ андохтанд.

Ин ҳарисони ҷоҳу мол,ки ҳаргиз сероӣ надоранду дар ин роҳ то ба хиёнат ба Ватану миллат даст задаанд.

Кабирию пайравонаш  (ТЭТ ҲНИ) ҳозира ба ном “Паймони миллӣ”  ва журналистони  вафодори  каҷравиҳои ин ҳаракати экстремистию ифротӣ аз шармандагиву беҳаёӣ, бозори ҳарзаву беҳудагӯйӣ сар дода, ҳар росту дурӯғро бар пойи давлату ҳукумат мерезанд. Наҳзатиҳое, ки дар тӯли  таърих барои  абад ғута задаанду хати сурхи муборизаро шикаста, наворҳои кӯҳнаро ба таври сунъӣ дуруст карда, тавассути журналистони бевиҷдон пешкаши хонанда мекунанд,ки ин боз як нағмаю ҳиллаи навбатии Кабирию дигар наҳзатиҳои  ифротгаро  мебошад  ва  бо  ин  роҳ  нуфузи  Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ  коҳиш  диҳанд

Бовари ҳаст,ки бо ин амалҳояшон, дигар ба дили мардуми Тоҷикистон роҳ намеёбанд.

Мардуми точик, алалхусус чавонони мо медонанд, ки Кабирии мазхабфуруш ва кабирисифатон боиси ноамниву бесуботӣ ва боиси ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буданд.

Имрӯз бошад барои Шарофиддин Гадоев , бо рохбари Кабирии хоин аслан Ватан, миллат, дину мазҳаб ва ҳатто падару модару зану фарзанд ҳеҷ  арзише надоранд.

Дар воқеъ барои Кабирию шогирдаш Шарофиддини Гадо ва ҳамчунон дигар пайравонашон, хоинони миллату давлати Точикистон, ки ба Ватан – модар хиёнатро раво дидаанд, падар, модар, бародар, хоҳар, зан, фарзанд, хешу ақрабо арзише надорад, зеро аз ҳама боло барои ин харомхурхои баднафс, эҳтироми хоҷаву амалии  супоришҳои онхост.

Аз он,ки Шарофиддин ба Аврупо  назди Кабирӣ  баргашт, ин бохти  ӯст.  Ин  номардон  ҳеҷ вақт тарафҳои мардии рақибашро эътироф накардаву аз он ки ҷониби Тоҷикистон бо як масъулияти баланд, бозгашти Гадоевро, ҳамчун як муҳоҷири одист таъмин намуданд, на минбари  ифротиҳо  «Паём.нет»,  на  минбари  шиаҳо «Кимиёи саодат» ва  на  меҳроби  наҳзатиҳо  «Ахбор.ком»  эътироф накарданд, ки то кадом андоза  ниҳодҳои  ҳукуматӣ  силаи раҳм доранду ба ҷони ҷавони ин фиребхурда раҳм кардаву имконият доданд,ки дар хақиқат ҳам ҷавононе,ки бо гуноҳашон  иқрор шуда аз роҳи  хато бармегарданд, аз ҷониби  давлати  Тоҷикистон  бахшида мешаванд.

Аммо  ин  хоин, ин аблаҳи бегонапараст, боз ҳам хиёнатро ба Ватан – Модар, падар, модар, бародар, хоҳар, зан, фарзанд, хешу ақрабо раво дида ба хоҷагони  хориҷии  худ  пайваст.

Ин  гурӯҳҳоро , дар ислом гурӯҳҳои гумроҳ  меноманд,ки дар ояи 186 сураи Аърофи Қуръони карим омадааст: “Ҳар киро Худо гумроҳ созад, барои у  ҳеҷ роҳнамое  нест”

Дар  даврони  муосир, ин  гурӯҳчаҳо, ки барои нафси ҳароми хеш аз  Ватан, падару  модар,  бародар,  хоҳар,  зан, фарзанд, хешу ақрабо рӯй мегардонад,  ки  падарҳо  меномандашон.  Чунки  онҳо аз асли хеш бегона шудаанд.

       Ҳар кас зи Ватан нола кунад кӯр шавад,

       Ояд ба сараш балову бад хӯр шавад.

        Гар зидди Ватан ба гуфти бегона равад,

        Ҷисмаш на ба гӯр берун аз гӯр шавад.

Воқеан  ҳам  мардуми  мусулмони Тоҷикистон,  ба исломи фарҳанги ва  маъниҳои ахлоқиву тарбиявии вай таваҷҷуҳ доранд, на ба исломи сиёсӣ,ки давлатҳои абарқудрат онро офаридаву истифода аз  ташкилотҳои терорирстиву экстремистӣ ва ифротӣ, бо ҷалби баъзе муллотарошони аз  Ватану  аз  Худо  бехабар,  ба  мисли Кабирию Юнуси Истаравшанӣ, Шарофиддину  ва дигар пайравонашон мардумро, алалхусус ҷавононро ба суи хеш даъват намуда, баъзан ба гумроҳӣ ва бадтараш-хиёнат ба Ватану миллати худ мекашанд.

Ҳамаи  ҳамдиёрон, алахусус ҷавонони ноҳия  дар хотир дошта бошанд,кибарои ояндаи ин миллату ин Ватани ҷоноҷонамон танҳо мо худ азият мекашем, на бегонагон. Дар замони ҷаҳонишавӣ, бар зидди ҳамагуна ташкилоту гурӯҳҳои осебпазир,ки бар зидди миллату давлатамонанд, вокунишҳо намуда муборизаи беамон барему кӯшиш ба харҷ диҳем, то,ки ҷавонон бегонапарастубегонафитрат набошанд, ба онҳо воқеиятро бифаҳмонем,ки дӯст доштани  Ватан аз гушаи Имон аст.

Ва моро мебояд,ки Ватан ва соҳибистиқлолии онро содиқона аз ниятҳову амалҳои бадхоҳону ҳасудону душманони миллату Ватан, ташкилотҳои террористию экстремистӣ ва ифротӣ ҳифз намоемулозим шавад;-

Ҳама сар ба сар тан ба душман диҳем,

Аз он беҳ,ки кишвар ба душман диҳем.

 

Муҳаммадовуд  Ҳалимов, раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg