
ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар асоси нақша-чорабиниҳо дар ташкилоти ибтидоии “Боғчаи №7” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Далер Раҳмонов дар назди ҳозирин атрофи самтҳои афзалиатноки фаъолияти ҳизб, аз ҷумла тарбияи дурусти насли наврас, огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ баромад намуда, иштирокдоронро барои саҳм гузоштан дар пешрафти Ватан раҳнамоӣ кард.