Ҷ.БАЛХӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ «Гимназияи№1»-и ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар он мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳия Алиев Зафар зикр кард, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону модарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа як силсила қарору қонунҳоро ба тасвиб расонд. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба имзо расид, ки барои боз ҳам фаъолтар шудани занону бонувони мо такони ҷиддӣ бахшид. Минбаъд ба хотири дастгирии занон якчанд барнома ва стратегияҳои давлатӣ қабул гардида, ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи занону духтарон дар ҷомеа нақши муҳим бозиданд.
Ҳамчунин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вазъи имрӯзаи дохиливу хориҷии кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, аз даст надодани зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, тарбияи дурусти фарзандон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ба хизмати Ватан- Модар сафарбар намудани ҷавонони синни даъватӣ, аз муоинаи тиббӣ гузаронидани ҷавонон пеш аз хонадоршавӣ ва тақвият бахшидани ҳунарҳои мардумӣ дар ростои «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мар думӣ» андешаронӣ намуд.