А.ҶОМӢ. Бо мақсади иҷрои босифати ҷадвали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба татбиқи амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», эълон шудани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳақиқат»-и деҳаи Правдаи ҷамоати деҳоти Иттифоқ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳия Муҳаммаддовуд Ҳалимов корҳои созандагӣ ташкил карда шуд.
Дар корҳои ободонӣ аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок намуда, роҳи мошингарди деҳа ва ду тарафи роҳро аз алафҳои бегона тоза карда, сангфарш намуданд.
Инчунин, дарахтони атрофи оромгохи деҳаро сафед ва бехи дарахтонро нарм карданд.