БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОДАР-ОФАРАНДАИ ҲАЁТ, ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО ВА САРЧАШМАИ МЕҲР МЕБОШАД!

ҶАЙҲУН. Дар доираи иҷрои барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 5 марти соли 2019, № 4 дар бораи баргузории чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ бахшида ба Рӯзи «Иди Модар» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ноҳия аз он ҷумла, дар ташкилотҳои ибтидоии “Ҳифзи иҷтимоӣ” ва “Маорифчиён” чорабиниҳои таблиғотии ҳизбӣ баргузор карда шуд.

Дар рафти чорабинҳо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун доир ба моҳияти ин ҷашни таърихӣ баромадҳо намуда, қайд карданд, ки модар қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати бекарон, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст.

Дар фарҷоми чорабиниҳо аз ҷониби ташкилотҳои ибтидоии болозикр ба хотири эҳтироми Зан-Модар собиқадорони меҳнат занони фаъолро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиноси намуданд. Ҳамчунин аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бахшида ба Иди “Рӯзи Модарон” ба 2 нафар собиқадорони меҳнат кӯмакҳои молӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg