ҲАМАДОНӢ.Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи аввали соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии «Обшорон» хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ гузаронида шуд.
Зимни баромад мудири шуъбаи таблиғот, иттилот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат суханронӣ карда, қайд гардид, ки бо арзи эҳтирому самимият ва миннатдорӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз он ҷумла ба соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони хайрхоҳу ҳимматбаланд барои ташаббусҳои созанда мехоҳам як нуктаро таъкид намоям: Ба раванди созандагии Ватан ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд саҳмгузор бошад ва ҳар фарди ҷомеа бояд касбу ҳунаре дошта бошад, ки бо истифода аз он зиндагии худро пеш барад.
Дар қисмати иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинон бо истифода аз техника ба ҳамвор кардани роҳи деҳа машғул гардиданд.