БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- мақсаду маромаш хизмат ба халқу Ватан аст!

ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи қисмати тарғиботӣ ва амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ”Корхонаи давлатии фаръии молумулки ғайриманқул” вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот масъулин атрофи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ба Маҷлиси Олӣ, натиҷагирӣ аз Маҷлиси КИМ ҲХДТ,  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ,  инчунин  аз таърихи пайдошавии Наврӯзи аҷам  суханронӣ намуданд.

Баъдан, вобаста  ба  татбиқи қисмати тарғиботӣ-амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони  «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Раҷабзода Навҷавон  ба як нафар собиқадори  меҳнат ва оилаи ниёзманди ҷомеа Шоҳакова Њалима кӯмаки  молиявӣ расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg