БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Гулдухтарони Левакант ҳунарҳои худро намоиш доданд

ЛЕВАКАНТ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ дар Литсейи касбӣ-саноатӣ-кимиёии шаҳр маҳфили «Кадбонуи беҳтарин»  баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фароғат Назарова иштирок намуда, изҳор дошт, ки чорабинии мазкур асосан барои пешгирии вайроншавии оилаҳо, баланд бардоштани маърифати оиладории љавондухтарон, ба ҳаёти оилавӣ омода намудани онҳо, тарғиби ҳунармандию ҳунаромӯзӣ ва истиқболи шоиста аз «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 роҳандозӣ гардидааст.

Дар озмун ду дастаи гулдухтарони муассисаи таълимӣ аз рӯйи шартҳои қироати шеър, суруд дар васфи Ватан-Модар, баҳор, Наврӯз,  иљрои суруди алла, омода намудани хӯриш ва оростани дастурхони миллӣ ҳунару малакаи худро намоиш дода, баҳои баланди аъзои ҳакамонро сазовор гардиданд. Ба беҳтаринҳо аз љониби Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ифтихорнома ва туҳфаҳо тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg