
КУШОНИЁН.Дар асоси нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Баракат”-и ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳия бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар доираи Аксияи тарғиботӣ - амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” корҳои ободонӣ доир карда шуд.
Аксияи мазкур бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, бо дастгирии сокинон ҷӯйборҳои обгузари деҳаи Баракат тоза карда шуда, онҳо тасмим гирифтанд, ки дар фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ роҳи деҳаи мазкурро низ сангфарш кунанд.