БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бо обод намудани маҳалли худ, Тоҷикистонро гулгулшукуфон мекунем!

ҚУБОДИЁН.Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ва дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тахти Қубод” доир карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи таблиғот, иттилот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобиддин дар мавзӯъи “Бо обод намудани маҳалли худ, Тоҷикистонро гулгулшукуфон мекунем!” сухан намуда, сараввал оид ба нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар қайд намуда, дарҷ кард, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогирии тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар  мавриди таҳлили амиқу ҳамаҷониба қарор гирифта, бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат солҳои 2019-2021 соли рушди деҳот, ҳунарҳои мардуми ва сайёҳӣ эълон карда шуда, баҳри амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҳар як сокини кишвар саҳмгузор буда метавонад.

Баъд аз вохӯрии мазкур раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тахти Қубод”-и деҳаи Ахча Чиллаев Зулфиқор иброз намуд, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, бо мақсади амалигардонии он бо сокинони деҳа тасмим гирифтаем, ки роҳҳои автомобилгарди деҳаро пурра сангфарш намоем. Бо ин иқдоми неки худ ният дорем, ки дар ободии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.

Бояд гуфт, ки бо иқдоми аъзои ташкилоти ибтидоии “Тахти Қубод”, сокинони деҳаи Ахча тамоми роҳҳои автомобилгарди деҳаро пурра таъмир ва сангфарш карда шуда, ҷӯйборҳои деҳа аз партовҳо тоза карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg