БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роҳандозии маҳфили “Дугонаҳо” бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ

ЁВОН.Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ  дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳия чорабинии идона таҳти унвони «Дугонаҳо» роҳандозӣ карда шуд, ки дар чорабинии мазкур занони собиқадори ҳизб, бошандагони хона-интернати пиронсолон ва Маркази иҷтимоии «Умед», омӯзгорон, мудирони боғчаҳо, донишҷӯёни коллеҷу литсейҳои ноҳия ва аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок намуда, ба чорабинии фарҳангӣ ҳусну таровати тоза зам карданд.

Ҳамзамон дар чорабинии мазкур ба 10 нафар занони собиқадори ҳизб туҳфаҳои идона таrдим гардида,  барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони кохи фарҳанг ва донишҷӯёни коллеҷи мазкур намоиш дода шуда, хотири  ҳамагонро болида намуданд.     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg