
ВАХШ.Дар ташкилоти ибтидоии «Фидокор-3» - бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Вахш бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» суҳбату вохӯрии судманд доир гардид, ки дар он кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ иштирок дошта, атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карданд.
Дар қисмати корҳои амалӣ дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинон ба нарм кардани замину тоза намудани атрофи маҳал зист саҳм гузоштанд.