ВАХШ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш оид ба татбиқ амалӣ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидои ҳизбии «Фидокор-4» -и ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш яке аз сокини саховатпешаи махалла ба ҷои маъракаи бибияш ба як оилаи ниёзманди маҳал маводи хӯрока, аз қабили орд, равған, картошка ва пиёз дасти ёрии худро расонид.
Инчунин, дар вақти вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов оид ба дастгирии табақаҳои ниёзманд, кӯмак расонидан ба шахсони яккаву танҳо ва ятимону бепарасторон суханронӣ намуд.