БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Терроризм ваҳшат ва вабои асри нав аст!

ВОКУНИШ. Вожаи «террор» ё «терроризм», ки имрӯз дар васоити ахбори омма хеле зиёд вомехӯрем,аслан маънои куштор, даҳшатафканӣ, даҳшатовариро дорад. Ин зуҳуроти номатлубу даҳшатовар таърихи дуру дароздошта, то ин сатҳ доман паҳн намудаанд. Аз рeитаҳлили олмону муҳақиқон «терроризм» албатта, таҳқиқу тадқиқоти сиёсию ҷомеашиносӣ ва ғоявию маънавиро тақозо дорад.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: «Терроризму экстремизм Ватан, миллат, дин, мазҳаб надорад». Ин гуна шахсоне, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористию экстремистӣдошта дохил мешаванд, ҷавононеанд, ки саводи казоии динию дунявӣ надоранду моҳияти ҳаракатҳои худро дуруст дарк карда наметавонанд.

Ин шахсони фирефта ва гумроҳгашта даст ба амале мезананд, ки сабаби марги мавҷудоти рӯйи олам яъне инсон мегардад, таркишу харобиҳо ва тарсу ҳаросро дар миёни аҳли ҷомеа ба вуҷуд оварда, ҳамчун вабои асри ҶҶI амнияти ҷаҳонро халалдор месозад. Ва дар аслҳам дар китоби ягон дин, хусусандиниисломвахотириҳадафумаромҳоинопокуношоистаи худ худкушӣ кунанд ва ба туфайли худ чандин бандагони дигарро беҷон намоянд. Ҳам ислом ва ҳам дигар динҳои маъмули дунё худкуширо амали нопок, ҳатто куфру бедиёнатӣ медонанд.

Бояд зикр кард, ки дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани мушкилоти иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, ба оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи инсоният дар асри ҶҶI табдил ёфтааст. Солҳои охир фаъолияти террористӣ ва экстремистии созмонҳои «Ал-қоида», «Ҳаракати Толибон», «Бародарони муслимин», «Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ» ва ғайра дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиёи Марказӣ ва инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъи бо қарори Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маън карда шудааст. Вале пайравони ҳизби мамнуъшудаи террористӣ-экстремистии «Ҳизби наҳзати исломӣ» таъсири манфии худро ба вазъияти ҷамъиятию сиёсии давлат дар хориҷа шишта мерасонад.

Низоми нави ҷаҳонӣ ва муносибати нави байни халқҳо ва кишварҳо парда аз рӯи ҳодисаҳо ва ҷараёни сиёсӣ барканданд. Паст будани маърифати динӣ миёни мардум, махсусан ҷавонон маълумоти динӣ надоштан ва воқиф набудан аз асли ислом (дуруст дарк накардани оятҳои «Қуръони Карим», аҳкоми шариати исломӣ) ҷавонони гумроҳро ба ин ташкилотҳо шомил сохта, бо ин мақсад ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд. Дар асоси ҳамин ҷавононе, ки ғайрирасмӣ дар муассисаҳои динии кишварҳои хориҷи таълимоти динӣ мегирифтанд, то соли 2015 беш аз 3 ҳазор нафари онҳо ба Ватан баргардонда шуданд ва таълими онҳо дар дохили ҷумҳурӣ идома ёфт.

Бомақсади дар амал татбиқ намудани мазмун ва муҳтавои «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризму экстремизм барои солҳои 2016-2020» ҷавононро зарур аст, ки пайрави дастуру ҳидоят ва uояҳои Пешвои миллат бошанду ин зуҳуроти номатлубро маҳкум намоянд. Аз рeи маълумотҳои оморӣ имрӯз қисми зиёди аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ва Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа равона гардида, ҳамеша таъкид карда мешавад, ки ҷавонон дар усутуворӣ ва пешравии давлат нақши бағоят калон доранд. Бо такя ба дастгирию ҳидоятҳои Сарвари давлатамон ҷавонони кишвар кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки тамоми қувваи худро баҳри аз худ намудани донишу ҳунарҳои замонавӣ ва дар ин росто ҷиҳати ободии диёру амну осудагии он сафарбар намоянду соҳибихтисосҳои замонавӣ гашта, ояндаи Тоҷикистонро боз ҳам дурахшон созанд.

Дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикстон мардум баҳри ободию гулгулшукуфии кишвар ва некӯаҳволии сатҳи зиндагӣ ба фаъолияти созанда машғуланд. Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддасидавлату давлатдориро дарк намдан ва пос доштани онҳо ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.

Мо-шаҳрвандони кишвар, алалхусус, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ-ро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки амиқи масъулият истиқлолияти худро на танҳо бо шиору гуфторҳои бардурӯғ ситоишу парастиш кунем, балки онро бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ таҳким бахшем ва барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо ба созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ раҳнамун созем.

 

Абдукаримов Саидқул, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg