БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Забони покро ҳайф аст гуфтан, Ки бо лафзи дурӯғ олуда созӣ!

ВОКУНИШ.Суханрониҳои Шарофиддин Гадоев, Муҳиддин Кабириро тавассути шабакаҳои интернетӣ дар моҳи феврал ва марти соли ҷорӣ дарёфтаму дар ҳайрат мондам. Ин макорону дурӯябозон ва тоҷикони беватан, монанди рӯбоҳи ҳиллагар дар якҷо як сухан ё андеша баён менамоянду дар дигар ҷо дигар андеша бо як забон мегӯянд.   Новобаста аз оне, ки дасти онҳо барои дахолат намудан ба сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯтоҳӣ менамояд, вале мехоҳанд бо ҳамон рафтору кирдори ноҷавонмардонаи худ зери хоҷагони хориҷиашон сиёсати имрӯзаи одилонаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро халалдор намуда, боз ба сари миллати тоҷик ҳамон солҳои гузаштаро ба миён оваранд. Ба таваҷҷуҳи ин маккорону дурӯябозон ва ҳаммаслаконашон расониданӣ ҳастем, ки; «Мардуми Тоҷикистон дигар ба шумо барин дурӯябозон, рӯбоҳҳои ҳиллагар ва ноҷавонмардони дар «нохунак» бо ном тоҷикони беватан-боварӣ надоранд! Чунки шумо як маротиба мардуми орому меҳмоннавози тоҷикро дар Ватани худ, дар хонаи худ ноором намудед. Дигар ба шумо миллати сарбаланд, бонангу номуси Тоҷикистон боварӣ надоранд ва бовар ҳам намекунанд. Эй паноҳҷӯяндагони аврупоӣ шумо як маротиба мардумро қариб, ки беватан намуда, будед. Бояд аз ҳамон рафтору кирдори хеш шарм намуда, хомӯширо ихтиёри доимии худ пеша намояед ва  ҳамчун шиор истифода баред, чунки шумо шармандагони ин дунёву қиёмат ҳастед ва хоҳед монд».

Мардуми сарбаланд ва бонангу номуси Тоҷикистон таҳти сиёсати одилонаи имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як фазои орому осуда, ободу зебо ва биҳиштосои Тоҷикистони азиз хушу хурсандона умр ба сар бурда истодаанд.

Бори дигар ба шумо эй ноҷавонмардони беватан, бе дин, бе мазҳаб ва шармандаи ин дунёву қиёмат гуфтаниям; «Забони шумо, дилу нияти шумо, лафзу ибрози шумо ва билохира вуҷуди шумо нопок буд, ҳаст ва мемонад».

Раҳмон  Саидзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон                                              

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg