БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Барои пешгирӣ аз терроризму экстремизм фаъолиятро бояд ҷонноктар намоем!

ВОКУНИШ.Терроризм ва экстремизм, ки бо зуҳуроти даҳшатангези худ ҷомеаи имрӯзаро ба ташвиш овардааст. Яке аз хатарҳои ҷиддӣ ва ҷиноӣ ба ҳисоб меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Перзиденти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо бо дарки ин хатари ҷиддӣ мардуми сарбаланди ҷомеаи хешро водор сохта буданд, ки дар ин бобат бетафовутӣ зоҳир накунанд ва ҳар чи зудтар тадбирҳои заруриро андеашанд. Пешвои миллат дар ироаи ҳар Паёми хеш мавриди ин ду зуҳурот андешаи возеҳу равшани худро баён месозанд ва сари вақтӣ тадбирҳои мушаххас медиҳанд. Аз ин тадбирҳои хирадмандонаи Пешвои миллат оқилона бояд истифода бурд. Зеро миллати тоҷик дурандеш аст ва ҳаргиз нахоҳад гузошт, то бегонае бе пурсиш ба хокаш қадам гузорад. Роҳбарони ин падидаҳои номатлуб аз воситаҳои истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ истифода бурда, аксарияти ҷавонони камтаҷриба ва беилмро ба ин зуҳуротҳои ноодамонаи хеш ҷалб месозанд. Бояд ҳар як ҷавони имрӯза аз тарзи истифодабарии шабкаҳои иҷтимоӣ бохабар бошад ва оқилона ва дуруст истифода кардани онро донад. Мутаасифона, аксарияти волидони имрӯза фарзандонашонро беназорат гузошта, ба омӯхтану аз худ кардани илмҳои муосир ба онҳо диққати ҳамаҷониба намедиҳанд, ки ин ба зарари худи онҳост. Ё ба дигар маъно имрӯзҳо волидон ба таҳсили фарзандон монеъа мешаванд, ки ин ба ояндаи онҳо зарари манфӣ мерасонад. Чунин амалҳо оқибат ба гумроҳии фарзанд оварда мерасонад. Ман фикр мекунам ҷавоне, ки соҳиби илм ва дониши хуби инсони аст ва аз ин зуҳуротҳои номатлуб бохабар аст ва дар бобати онҳо маълумоти кофи дорад, ҳаргиз ба ин гуна ҳизбу ҳаракат ки пушти он хонахаробону беватанон пинҳонанд ҳамроҳ нахоҳад шуд. Ин гуна шахсони хунхор фикру андешаҳои инсонҳои бемайнаву бесаводро ба худ ҷалб намуда, гӯё ба хотири Худову расул ва ватан равонаад. Ин барои инсони соҳибилм маълум аст, ки ин равияҳо ҳаргиз беҳбудии ватанро намехоҳад. Ватанро бо хунрези не балки бо якдилию якмароми метавон обод сохт. Пушти ин ду калимоти нокасона ҳаргизу – ҳаргиз хубию накукори ҷой надорад. Ин одамони ҳайвонсифат номи дину мазҳабро ба ин калимотҳо якҷо сохта, бо ин роҳ шуру хархашаро барпо месозанд. Ҷавонони мо бояд дар ин асре, ки ҳаёт ба сар мебаранд тафакури васеъи илмӣ дошта ин ду маҳфумро донанду пай баранд, ки даруни ин ду калимот зиштию бадбини пинҳон аст. Ободи албатта дар ҷангу хунрезиҳои шахсони бегуноҳ ба амал намеояд. Ободию шукуфои дар ҳамбастагӣ ба вуқуъ мепайвандад. Волидони азиз падару модари гиромиқадри мо агар қарзи волидонии хешро адо созанд, шояд ки ин гуна нобакориҳо боз камтар рух диҳанд. Падару модар бояд донанд, ки вазифаи аввалиндараҷаи онҳо танҳо ба вуҷуд овардани насл нест. Балки тарбия ва омӯзонидани илму дониш вазифаи авалиндараҷаи онҳо ҳаст. Насл, ки ба вуҷуд омад, бояд аз рӯзҳои аввалини саршавии ҳаёт дар таҳти назорати доимии падару модар ва аҳли хонадон қарор гирад. Ба ин восита метавонем бисёре аз мушикилиҳои ҷойдоштаро аз ҳаёт дур сохт. Ба фарзанд набояд таъсири манфи расонид зеро ба ҳар кор машғул шуданро оғоз мекунад. Бояд бо муомилаи хуби инсони бо сухани ширину гуворо роҳи ҳалли мушкилиҳоро ёфт. Вақте, ки фарзанд ба синни мактаби мерасад, набояд тарбияи ӯро фақат бар души омӯзгор гузошт зеро агар фарзанд 4 соат дар муассисаи таълими бошад, дигар вақтҳо дар пеши волидолн қарор дорад. Тарбия аз ду тараф бояд дар амал бошад. Дар ин ҳолат ҳеҷ гуна зуроварӣ ба амал нахоҳад омад. Фарзандро таҳти назорат бояд гузошт, ба ӯ хату саводро бояд омӯзонд. Соҳиби илм, ки шуд ватанро дӯст медорад дар рагу пайвандаш хуни ватан ҷӯш мезанад ва мефаҳмад, ки хубаш кию бадаш кӣ. Аниқтару возеҳтар карда гӯем дар рафти тарбияву босаводкунии фарзанд бетараф набояд буд. Вақто, ки ҳар як амалро таҳти назорат қарор диҳем давлату миллат шукуфон мешавад.

Манучеҳр Латифов,  аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”, донишҷӯи Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg