БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вохӯрӣ бахшида ба Рӯзи Модар дар ташкилоти ибтидоӣ

КӮЛОБ. Дар асоси барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  бахшида ба Рӯзи Модар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кӯҳнашаҳр” мулоқот баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кӯҳнашаҳр” Замонов Абдусаттор иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сараввал Фирӯзи Саидмӯъмин ҳозиринро ба фарорасии идҳои баҳорӣ, Рӯзи Модар ва фарорасии Нарӯзи аҷдодӣ табрик намуда, иброз дошт, ки дар зери калимаи  модар як олами меҳру муҳаббат ва бузурги ниҳон аст. Модар  азизтарин ва наздиктарин шахс барои инсонҳо мебошад, аз ин рӯ ҳар яки моро мебояд модаронро эҳтиром намуда, барояшон мояи ифтихор бошем, зеро инсон чӣ хурдсол бошад чӣ бузургсол дар бисёри ҳолатҳо ба навозишу муҳаббати модар эҳтиёҷ дорад, модарон фариштагоне ҳастанд, ки  ҳаёти  худро ба хотири болидаруҳии мо фарзандон дареғ намедоранд. Мо ба бузургии зан – модар арҷ мегузорем.

Инчунин, аз ҷониби Замонов Абдусаттор гуфта шуд, ки имрӯзҳо дар кишвари азизамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол  зан ва мард баробарҳуқуқ буда, занон дар баробари мардон дар ҳама самту соҳаҳо фаъолияти босамар доранд.

Дар фарҷом ба довталабон, ки аризаҳои худро барои ба сафи ҲХДТ аъзо шудан пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg