БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Модар сарчашмаи муҳаббати бекарон, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст!

ҚУБОДИЁН.Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳакимӣ” хониши сиёсӣ дар мавзӯъи Модар қиматтарин неъмати дунё” баргузор гардид, ки дар он  мудири шуъбаи кор бо  занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдураҳимова Фирӯза  иштирок ва суханронӣ намуд.    

 Фирӯза Абдураҳимова дар баромади худ қайд намуд,ки маҳз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  махсусан барои зан модар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудааст. Модар қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати бекарон, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши  гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ, пурбардории ӯ танҳо ба худаш  хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Оре, модар мисли замин танҳо ва яктост.  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бо аҳли ҷомеа ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои додашуда мо бояд сарҷамъона ва бо дилу дидаи нек ба ояндаи дурахшон кӯшиш намоем, дар корҳои ободонию созандагӣ баҳри ободии Ватани биҳиштосои худ фаъолона иштирок намоем, зиракии сиёсӣ, дӯстию рафоқат ва якдилию ҳамдигарфаҳмиро аз даст надиҳем.           

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg