ҲАМАДОНӢ.Тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ барои нимсолаи аввали соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тудабоён» хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ гузаронида шуд.
Зимни баромад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Давлатҷон Ғаффорзода оид ба Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат суханронӣ карда, қайд намуд, ки дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3% афзоиш ёфт. Дар робита ба ин ва бодарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шудааст.
Инчунин, оид ба иҷрои амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ибтикори раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Тудабоён » Саидов Ёрмуҳаммад ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия зиёда аз як километр роҳҳои деҳа тахту ҳамвор ва сангфарш карда шуданд.