БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Барои зиндагии арзандаи худ меҳнат мекунем!

КУШОНИЁН.Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Кушониён дар нимаи якуми соли 2019 ва ҷиҳати амалӣ намудани Аксияи тарғӣботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар деҳаи Навобод бо мардуми ватандӯстӣ деҳа вохӯрӣ гузарониданд.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  дар вохӯрӣ оид ба ҳадафу маром ва муҳтавои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва вазифаҳои ҳизбиён дар татбиқи ҳадафу мароми Паёми Пешвои миллат андешаронӣ карданд.

Ҳамзамон, Аксияи тарғиботӣ-амалии  ҳизбӣ таҳти унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!” – ро баргузор намуда,  бо иштироки   сокинони деҳа гирду атрофи оромгоҳи деҳаи номбурда аз алафҳои бегона тоза ва  симтур  гирифта шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg