ЁВОН. Рамзи Рӯзи Модар ишора ба зебоӣ, покии рӯҳ ва таровиши эҳсоси ҳамешагии инсонҳост, ки ба сиришти созандагӣ ва шукуфоӣ алоқаманд мебошад. Паҳлӯи назарраси ин падида аз љаҳони поки модарон, дилҳои ҳассосу орзупарвари занону духтарон ва ниятҳои неки онҳо ибтидо гирифта, моро водор месозад, ки чунин як пайки фархундаро бо самимияти инсонӣ ва руҳбаландии хоса шодбош гӯем. Воқеан, нақш ва мақоми модар дар ҳаёти љомеаи башарӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки нобиғаҳои олам дар назди ӯ сари таъзим фуруд оварда, таъкид кардаанд, ки зан – модар офарандаи ҳаёт, эҳёгари зиндагӣ ва илҳомбахши рӯзгор мебошад.
Бо ин мақсад бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти ибтидоии «Чойхона» дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бахшида ба ҷашни Рӯзи Модар бо фарогирии занону бонувони фаъоли ҷамоати мазкур чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, ба занони собиқадор ва бонувони фаъол Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Барномаи рангини консертӣ бахшида ба Рӯзи Модар идомабахши чорабинии мазкур гардид.
Занону бонувони ноҳия иқдоми навбатии ҲХДТ-ро дар ноҳияи Ёвон наҷибу саривақти арзёбb карданд.