ДАНҒАРА. Бо мақсади эҳтиром гузоштан ба шахсияти Зан-Модар, иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои Ид”, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Шуъбаи маориф”-и ноҳия дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Шарипова Гулҷаҳон муовини раис- мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуда, кулли модарону бонувонро ба ин рӯзи фараҳбахш ва зебоӣ аз номи ҳизбиёни ноҳия муборак бод намуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ бо суруду таронаҳои дилнишин дар васи Модару баҳор санъаткорони бахши фарҳанг ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” хотири ҳамагонро болида гардониданд.