КӮЛОБ.Тибқи ҷадвали вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва баркияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Модар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Якум” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ маҷлис доир карда шуд.
Дар ин вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Якум” Ҳақназаров Носир иштирок ва баромад намуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу дар сухани табрикотии худ бо шукургузорӣ аз фазои тинҷу ороми кишвар тамоми занону модаронро табрик намуда, дар васфи зан-модар суханони самимона изҳор дошт. Дар идома дар сатҳи тантанавӣ ба як қатор довталабоне, ки аризаҳои худро барои аъзогӣ ба ҲХДТ пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Инчунин, дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” як нафар зани танҳо Назирмадова Соҷида, ки аз оилаи эҳтиёҷманд маҳсуб меёбад ва дар тарбияи худ ду кӯдаки маъюб дорад,аёдат гардида ба ӯ кӯмаки моддӣ, аз ҷумла маводҳои ғизоӣ расонида шуд.
Дар охири Аксияи мазкур дар маҳаллаи Якуми май бо иштироки сокинони маҳалла дарахтони ҳамешасабз шинонида шуданд.