ВАХШ. Мувофиқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Меҳробод-1» - и ҷамоати деҳоти Машъал бо занону духтарони маҳал вохӯрӣ бахшида ба Рӯзи Модар доир карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш я Сайёра Мардонова ба сухан баромада, қайд кард, ки Модар қиматтарин неъмати рӯи дунё, сарчашмаи муҳабатти беканор,чашмаи мусаффо ва махзани ганҷи фарзанд, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар аст, ки моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ, пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос буда, касро ба ҳайрат меорад. Мо канори модар бо олами рангини кӯдакӣ ба воя мерасему аз ӯ дарси одамгарию ватандӯстдориро меомӯзем.
Пас аз суханрониҳои пурмазмун чанде аз занони рӯзгордидаву собиқадор бо туҳфаҳои идонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия қадрдонӣ гардиданд, ки дар ин рӯз хурсандии модарони гиромиро ҳадду канор набуд ва миннатдории хешро Аз Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.