Ҷ.БАЛХӢ.Дар ташкилоти ибтидоии ҳизби “ҶСШК Исоев”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар он муовини раис-мудири шуъбаи ташкили ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Содиқова Меҳрубон иштирок дошта, дар бораи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба фаъолият оғоз кардани чархаи якуми НОБ-и Роғун, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ андешаронӣ намуда, ҳамангонро ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол гирифтани ҷашнҳои дарпешистодаи давлативу миллӣ раҳнамоӣ кард.