БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғибот-асоси фаъолияти ҳизб

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Файзобод»-и деҳаи Файзободи ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ-и ноҳия оид ба самтхои афзалиятнокии фаъолияти ХХДТ  хониши сиёсӣ  баргузор намуданд.

Дар ҷараёни хониши сиёсӣ  Ашӯров Сунатулло мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия оид ба огоҳонидани сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар кишвар  мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар роҳи мубориза бо онҳо, тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа, фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию  ҳунарҳои  мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл суханронӣ кард.

Дар қисмати амалии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти уніони «Якҷоя ҳал мекунем!»  роҳандозӣ карда шуда, дар корҳои ободониву бунёдкорӣ соки нон фаъолона саҳм гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg