БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сарфаи нерӯи барқ истиқлолияти энергетикиро таҳким мебашад!

ҶАЙҲУН.Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва вохӯриву мулоқотҳо дар ташкилоти ибтидоии «Нурафзо»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун чорабинии таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва нуктаҳои асосии Паёми навини Президенти кишвар ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим баргузор гардид.

Сабурзода Насим қайд намуд, ки ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро дар соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувори бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетики номидаанд. Ҳамчунин иброз дошт, ки истифодаи мақсадноки нерӯи барқ, имрӯз яке аз масъалаҳои муҳиму стратегии давлат ба ҳисоб меравад, аз ҳар кадоми мо шаҳрвандон муносибати ҷиддӣ ва ғамхоронаро талаб мекунад, то инки дар ростои истифодаи мақсадноку дурурсти нерӯи барқ саҳмгузор бошем.

Дар рафти чорабинии мазкур дар доираи Аксияи ҳизбии таблиғотӣ-амалии "Якҷоя ҳал мекунем" бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нурафзо” ба як оила, ки фарзанди маъюб доранд, кумакҳои модди расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg