БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Қувваи бузурги аъзои ҳизб кафолати расидан ба ҳадафҳои бузурги созандагӣ мебошад

ПАНҶ.Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва фахмонида додани моҳияти Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ дар ташкилоти ибтидоии “Ганҷ”-и назди бозори  ноҳия бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб  чорабинии сиёсӣ рохандозӣ гардид.

Дар он масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ғафуров Сайдамир, Ҳошимов Тоҳир ва Солиҳов Фирдавс иштирок ва сухаронӣ намуданд.

Ҳошимов Тоҳир зимни баромадаш дар муроҷиат ба аъзоёни ҳизб иброз дошт, ки садоқати  мо аъзоёни ҳизб ва  ҷонибдорони сершумори он кафолат медихад, ки барои татбиқи пурраи ҳадафҳои стратегии миллиамон – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқворӣ ва саноатикунонии  босуръати кишвар бояд аҳлона ва бо азми қавтъӣ ба пеш ҳаракат  кунем. Қувваи бузурги аъзои ҳизб  кафолати расидан ба ҳадафҳои бузурги созандагӣ мебошад.

Дар идома Ғафуров Сайдамир оид ба ташаккули фарҳанги техникӣ,  мубориза алайҳи нашъамандӣ, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарбияи ватандўсти ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ андешаронӣ намуд.

Дар ҷараёни вохўрӣ ҳамзамон, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» роҳандозӣ гардида, ба иштирокдорон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб маводҳои таблиғотӣ аз қабили плакати “Фурўғи нури Раҳмонӣ”,  рўзномаҳои тозанашри ҳизбӣ ва тақвимҳои хурду калони ҳизбӣ дастрас карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg