![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/IMG-20190307-WA0007.jpg?itok=eXJAYfP9)
Н.ХУСРАВ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар ба хотири арҷ гузоштан ба офарандаи инсоният ва қадр намудани ранҷу машаққатҳои он , эҳтиром ба зан- модар бахшида ба Рӯзи Модар дар маҳаллаи Арабхонаи ҷамоати деҳоти Истиқлол бо иштироки занону духтарони сокини маҳал ҷамъомади бошукӯҳи фарҳангию сиёсӣ баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳия Алиева Сураё занону модаронро ба идашон табрик гуфта, аз модарону бонувони маҳалла даъват ба амл овард, ки фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода намуда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд. Ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.
Аз ҷониби ҷавонону наврасон бахшида ба Рӯзи Модар саҳнаҳои ҷолиб ва ҳар гуна суннатҳои фарҳангии миллатамон, аз қабили ороиши мӯй, ҳунарҳои мардумӣ ва расму оини қадимаро намоиш доданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиева Сураё ба як қатор занону духтарони фаъолро бо туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаву Ифтихорномаҳои ҳизбӣ сарфароз гардонида шуданд.