ЛЕВАКАНТ. Бо мақсади татбиқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии «Боҳтурободи 2» Аксияи тарғӣботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид, ки дар ҷараёни он фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳри Левакант ҷӯю заҳбурҳо, тоза кардани дарахтони канори роҳ аз шохаҳои хушкида, шинонидани ниҳолу дарахтони ороишиву сояафкан машѓул шуда, мавзеи истиқоматии худро тозаву озода намуданд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Саидҷаъфар зимни суҳбат бо иштирокчиёни Аксияи ҳизбӣ қайд намуд, ки ҳадаф аз доир намудани ин гуна чорабиниҳо асосан баланд бардоштани масъулиятии шаҳрвандии аҳолӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари онҳо дар пешбурди корҳои ободониву созандагӣ ва истиқболи шоиста аз 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ин расидан ба ин мақсади наҷибона масъулиятшиносӣ ва иштироки бевоситаи ҳар фарди солимфикри ҷомеаро тақозо дорад.