БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аёдати занони собиқадорони ҳизбу меҳнат дар Рӯзи Модар

КУШОНИЁН.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар арафаи Рӯзи Модар собиқадорони ҳизбу меҳнат ва фаъолзанонро болидахотир намуданд. Аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  аёдати бонувону модаронро ба роҳ монда, аз ҳолу аҳволи собиқадорони ҳизбу меҳнат бохабар гардиданд. Зимни аёдат масъулин  занону модаронро  ба муносибати Рӯзи Модар табрик гуфта, онҳоро бо  туҳфаҳои  идона қадрдонӣ намуданд.

Бонувону модарони собиқадор аз таваҷҷуҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён қаноатмандӣ намуда, ба Роҳбари муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки чунин тадбирҳо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат амалӣ мешаванд, миннатдорӣ баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg